Ҳайати мушовараи судии зинаи кассатсионии Суди Олии ҶТ ҳукми суди вилоятии Хатлон нисбат ба ҳафт нафар ҷонибдорони собиқ полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиевро бекор намуда, онҳоро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати яке аз судшавандаҳо Абдураҳмон Тӯраев хабар дод, суд мутобиқи моддаи 10-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» баррасии парвандаи ҷиноиро мавқуф гузошта, ҳафт нафар айбдоршавандаҳоро аз толори суд озод кард.
Адвокат зикр кард, ки моҳи сентябри соли равон суди вилояти Хатлон ҳафт нафар ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиевро ба 16 соли зиндон маҳкум намуда, бо истифода аз Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» мӯҳлати адои ҷазои онҳоро то 14 сол кам кард.
Аммо ҷониби ҳимоя бо ҳукм розӣ нашуда, ба Суди Олии ҶТ шикояти кассатсионӣ пешниҳод кард.
« Ҳамчунин мо ба дастгоҳи президенти ҷумҳурӣ, Прокуратураи генералӣ ва парлумони кишвар мактуб ирсол кардем. Пас аз шикоятҳои мо Прокуратураи вилояти Хатлон низ аз болои ҳукми суд шикоят бурд», – гуфт адвокат.