Эътилофи Ташкилоти ғайриҳукуматӣ (ТҒҲ)-и мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҳукуматдорон даъват ба амал овард, ки тафтишоти фаврӣ ва дақиқи қазияи марги сокини 28-солаи шаҳри Душанбе Баҳромиддин Шодиевро баргузор намоянд.
Эътилофи мубориза алайҳи шиканҷа дар робита ба марги сокини 28-солаи шаҳри Душанбе Баҳромиддин Шодиев, ки ба гумони содир намудани як қатор амалҳои дуздӣ боздошт шудааст, бо пахши як изҳорот изҳори нигаронӣ намудааст. Рӯзи 30-юми октябр Б. Шодиев баъди аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ овардан ба ҳалокат расид.
Хешовандони фавтида мегӯянд, Шодиев дар шӯъбаи милиса мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон мунтақил ва пас аз 10 рӯз фавтидааст.
Ҳодисаи ба ин монанд баҳори соли равон бо Сафаралӣ Сангов рух дод. Ӯ ҳам пас аз мунтақил шудан аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2-и пойтахт дар Маркази миллии тиббӣ фавтид. То ҳанӯз мурофиаи додгоҳӣ оид ба ин парванда нисбат ба кормандони милисаи ин шӯъба – Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов идома дорад. Ҳар ду корманди милиса ба хунукназарӣ нисбат ба адои вазифаи худ айбдор карда мешаванд. Пас аз боздошти Сафаралӣ Сангов ба иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ӯ ба шӯъбаи эҳёгарӣ мунтақил шуда, дар он ҷо аз олам даргузашт. Хешовандони фавтида мегӯянд, ки ӯ бар асари латукӯби бераҳмонаи кормандони милиса ҳалок шудааст. Дар навбати худ, кормандон милиса фавти ӯро ба худкушӣ нисбат доданд.
Муаллифони изҳорот таъкид месозанд, ки маълумоти мазкур перомуни риоя накардани ҳуқуқи инсон метавонанд ба нуфузи ҷумҳурӣ дар арсаи байнулмилалӣ таъсири манфӣ гузоранд.
Эътилоф аз ҳукуматдорон талаб мекунад, ки бобати ин қазия фавран тафтишоти мустақил ва беғаразонаву дақиқ гузаронида шуда, ба пешниҳоди маърази ом гардонидани он кафолат дода шавад. Ҳамчунин мутобиқи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон ҳамчун кишвари узви Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф , айбдоршавандагон бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.
Дар зери изҳорот Иттиҳодияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро», ҶК «Авесто», Ҳайати мушовараи адвокатҳои ҶТ «Сипар», Ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд, Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи инсон, Маркази мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI», Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон, ҶК «Имконоти баробар», Марказ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Марказ оид ба ҳуқуқи инсон имзо гузоштанд.