Дар вилояти Хатлон шумори мубталоёни бемории вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният (ВИЧ/СПИД) ба 741 нафар расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори маркази мубориза бо бемории вируси норасоии масунияти одам ва бемории норасоии муҳассали масуният (ВИЧ/СПИД)-и вилояти Хатлон Даврон Қунғуротов хабар дод, шумори чунин беморон дар муқоиса бо аввали соли равон ба миқдори 200 нафар зиёд шуда, 547 нафарашонро мардон ва 194 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки миёни онҳо 15 нафарашон ноболиғонанд.
Ба гуфтаи вай, шумори бештари мубталоёни ин беморӣ дар шаҳри Кӯлоб сабт шудааст, ки 281 нафарро ташкил медиҳад ва 217 нафари онҳо ба табобат фаро гирифта шудаанд. «Аксари мубталоёни ин беморӣ ба табибон муроҷиат намекунанд, ки дар натиҷа соли равон дар вилоят 38 нафар мубталоёни ин беморӣ ба ҳалокат расиданд», – гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин афзуд, афзоиши шумори чунин беморон ба муҳоҷирати меҳнатӣ вобаста аст, зеро муҳоҷирони тоҷик маҳз дар кишвари бегона ба чунин беморӣ гирифтор мешаванд.
«Дар кори пешгирӣ ва мубориза бо бемории СПИД воҳидҳои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ фаъоланд ва агар дигар мақомоти дахлдор низ дар ҳамдастӣ кор мекарданд, мо ба натиҷаҳои назаррас мерасидем», – афзуд Д. Қунғуротов.