Чанде қабл мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров бо сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур хабар доданд, директори Агентӣ меҳмононро бо вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ дар кишвар шинос намуда, дар бораи сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои амалие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ меандешад, инчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ ва нақши он дар муборизаи ҷаҳонӣ бо ин хатари башарӣ сухан гуфт.
Дар ҷараёни мулоқот Рустам Назаров ба ҳукумати Чин барои мусоидат ба омӯзиши 15 нафар кормандони агентӣ дар ин кишвар аз 30-юми октябр то 15-уми ноябр ва расонидани кумаки техникӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои байнулмилалӣ ва бо мақсади баланд бардоштани имконоти мубориза бо ҷинояткорӣ Чин ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кумаки техникӣ пешниҳод менамояд.
Ғайр аз ин, дар ҳамдастӣ бо Вазорати тартиботи ҷамъиятии Чин оид ба беҳбуд бахшидан ба сатҳи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонон як қатор лоиҳаҳо низ амалӣ мешаванд.