Намояндагони доираҳои тиҷоратии Аморати Муттаҳидаи Араб бо роҳбарии ҷаноби Шайх Аҳмад Абдуллоҳ ал Шафар ба минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни табодули андеша бо роҳбари маъмурият Анвар Ёқубов меҳмонон аз кулли дигаргуниҳое, ки тӯли ду соли охир дар Минтақаи Озоди Иқтисодии «Суғд» ба амал омадаанд, иттилоъ ёфтанд.
Роҳбари маъмурияти минтақаиоОзоди иқтисодии «Суғд» ба меҳмонон барои пазироии гармашон ҳини сафараш моҳи феврали соли 2010 ба Дубай ва имконияти дастдода дар мавриди бархурдорӣ аз таҷрибаи таъсис ва фаъолиятбарии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Аморати Муттаҳидаи Араб изҳори миннатдорӣ кард.
Ӯ қайд намуд, ки донишу малакаи аз ин сафар андӯхтааш дар боби татбиқи маҷмӯи тадбирҳо оид ба суръатафзоии раванди таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» кӯмаки воқеӣ расонд.
Дар ин муддат бо тарзи татбиқи марҳала ба марҳалаи назорати гумрукӣ бақайдгирии субъектҳои МОИ оғоз ёфт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» дар таҳрири нав қабул шуд, оид ба таҳияи нақшаи кулли минтақаҳои озоди иқтисодӣ чораҳо андешида шуданд, лоиҳаҳои таъсиси маркази маҷмаавии хизматрасонии нақлиётӣ таҳия гардиданд ва таҳияи лоиҳаи таъсиси анҷуман-маркази намоишии байналмилалӣ оғоз меёбад.
Меҳмононро ҷараёни равнақёбии минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» хуш омад. Шайх Аҳмад Абдуллоҳ ал Шафар қайд кард: «Дастоварду нишондиҳандаҳои шумо хушоянданд. Аммо алҳол кӯшиши фарогирии ҳама имкону ноимконҳоро кардан ҷоиз нест. Ба фатҳи қулла қадам ба қадам, зина ба зина муваффақ шудан мумкин аст. Вазъияти ҷаҳониро дарку эҳсос бояд кард. Имрӯз вазъи иқтисодиву молиявӣ дар саросари олам, ба хосса дар Аврупо боиси нигаронист. Ҳолати Юнон, Итолиёро бинед, чӣ миқдор қарз, сухан аз чандин миллиард меравад. Ин ҳолат мувофиқан ба нақшаҳои кори сармоягузорон таъсир мерасонад. Ҳар як сармоягузор кафолати ҳифзи садфоизаро аз ҷониби давлат, нақшаҳои дақиқ ва лоиҳаҳои мушаххасро мехоҳад».
Шайх Аҳмад Абдуллоҳ ал Шафар иброз дошт, ки лоиҳа дар мавриди таъсиси маркази маҷмаавии хизматрасонии нақлиётӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таҳияшуда аз тарафи таҳқиқгарон ва мутахассисони ӯ мавриди омӯзиши амиқ қарор ёфт ва баҳои баландро соҳиб гардид. Аз ин лиҳоз ӯ ният дорад, ки бо мақсади баррасии дақиқи лоиҳа дар ҷояш аллакай моҳи январи соли оянда гурӯҳи мутахассисон ва лоиҳакашони худро фиристад.
Тазаккур бояд дод, ки ин ташрифи аввалини Шайх Аҳмад Абдуллоҳ ал Шафар ба минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» нест. Ӯ аз ин пеш ҳанӯз соли 2009-ум ба ин ҷо омада буд.
Ҳамчунин ташрифи намояндагони Бонки Рушди Осиё Ҳусейн Ҳайдар ва Вонҷин Сеол ба минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дар назар аст. Онҳо бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти субъектҳои минтақа аз якчанд корхонаҳо, аз ҷумла корхонаи муштараки «Скорут-Тоҷ» дидан карданианд. Ҳадаф аз сафари эшон мавриди назар қарор додани энергияи алтернативӣ аст.