Чанде пеш дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ҳамоиши тиҷоратии соҳикорони Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби баргузории Намоишгоҳи махсуси Эрон дар Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва об доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар кори ҳамоиш ба ҷуз соҳибкорони ду ҷониб, ҳамчунин намояндагони вазорату идорахои дахлдори Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Гулчеҳра Бозорова ба ҷониби Эрон барои дастгирӣ ва роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои гуногуни иқтисод изҳори миннатдорӣ намуд. Пас аз шиносоӣ бо фаъолият ва намунаҳои маҳсулоти тавлидотии ширкатҳои эронӣ, ҷонибҳо дар бораи ҳамкории дуҷониба як қатор аснод ба имзо расониданд.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи махсуси Эрон дар Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва об ба кор шурӯъ намуд.
Дар намоишгоҳ ба ҷуз маҳсулоти ширкатҳои эронӣ, маҳсулоти чанде аз корхонаҳои ватанӣ ва ширкатҳои дигар кишварҳои, аз ҷумла Чин, Русия, Қазоқистон низ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Кори намоишгоҳ то 19-уми ноябр идома меёбад.