spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Қоҳир Расулзода бо вазъи будубоши низомиён аз наздик ошно гардид


Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз қисмҳои низомии гарнизони Суғд дар шаҳри Хуҷанд боздид намуда, бо рафти корҳои сохтмониву таъмиркунӣ ва омодагии сохторҳо ба зимистони имсола аз наздик шинос гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, Қоҳир Расулзода нахуст аз қисми ҳарбии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуда, бо шароити хизмат ва зисти ҳайати қисми ҳарбӣ шинос гардид. Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар ин қисми ҳарбӣ алҳол 473 нафар хизмати Ватан – Модари азизро сарбаландона ба ҷо меоранд, ки аз онҳо 114 нафар тирамоҳи ҳамин сол даъват шудаанд. Қоҳир Расулзода бо афсарону сарбозон сӯҳбати самимӣ намуда, аз майдончаҳои машқу тамрин, ошхона ва хобгоҳи онҳо дидан намуд.

Зикр бояд намуд, ки бо таваҷҷӯҳи роҳбарияти вилоят соли равон барои таъмири боми хобгоҳи сарбозони қисми ҳарбии мазкур аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 24 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, бо сифати баланд таъмир карда шуд.

Раиси вилоят ба масъулини дахлдори вилоятӣ ва шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки ин раванди ободкорӣ ва корҳои сохтмониро идома дода, барои сарбозону афсарон шароитҳои хуб муҳайё намоянд.

Қоҳир Расулзода ба филиали академияи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, бо устодону шунавандагони он, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат таҳсил доранд, шинос гардид. Дар ин боргоҳи маърифату матонат, ки аз соли 1994 боз фаъолият менамояд, алҳол наздик 300 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд ва ба онҳо 40 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба, ки аксарашон афсаронанд, сабақ меомӯзонанд.

Раиси вилоят нақши ин таълимгоҳро дар тайёр намудани мутахассисони соҳиблаёқати соҳа муҳим арзёбӣ намуда, ба корҳои ободонӣ ва сабзкории аҳли таълимгоҳ баҳои арзанда дод.

Раиси вилоят ҳамчунин аз қисми низомии 6593-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комендатураи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситоди қисми ҳарбии 9829-и Раёсати минтақавии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин аз қисми ҳарбии 9829 «а», госпитали ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ боздид намуд.

Раиси вилоят масъулинро муваззаф намуд, ки дар самти беҳдошти шароитҳои хизмат, зисти ҳайати шахсӣ мусоидат намоянд. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки ба эҳтиёҷмандони хизматчиёни қисмҳои ҳарбӣ замини наздиҳавлигӣ, барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасон қитъаҳои замини кишт ҷудо гардида, дар қисмҳои ҳарбӣ ба захираи маводи озуқаворӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.

Ҳамчунин тибқи супориши Раиси вилоят дар мӯҳлатҳои наздик нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳо, таъмиру тармим ва бунёди иншоотҳо, таҳкими корҳои идеологӣ, баланд бардоштани савияи дониши сиёсии ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ ба тасвиб хоҳад расид.

Боздиди кории Раиси вилоят аз қисмҳои  низомии гарнизони Суғд, ки дар дигар шаҳру навоҳии вилоят фаъолият доранд, низ дар назар аст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...