Субҳи имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев бо сафари серӯзаи корӣ ба пойтахти Белорус – шаҳри Минск сафар кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар ҷараёни сафар Шералӣ Хайруллоев бо вазири мудофиаи Белорус генерал-лейтенант Юрий Жадобини дидору гуфтушунид хоҳад кард.
«Зимни мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Белорус баррасии масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои низомиву техникӣ дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи созмонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дар назар аст», – гуфт Ф.Маҳмадалиев.
Ба қавли номбурда, дар ҷараёни сафар вазири мудофиаи Тоҷикистон ҳамчунин аз як қатор қисмҳои низомии Қувваҳи Мусаллаҳи Белорус низ боздид хоҳад кард.