Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Медиа-алянси Тоҷикистон аз намояндагони васоиту ахбори умум ва журналистон даъват ба амал меоварад, ки аз истифодаи ҳарфи душманона худдорӣ варзида, дар инъикоси масоили муҳоҷирати корӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо аз шеваи сиёсати хушмуомилагиву хушбаёнӣ ва дурустрафторӣ кор гиранд.
Тавре дар изҳороти чанде қабл интишоршудаи медиа-созмонҳои Тоҷикистон гуфта мешавад, дар робита ба ҳукми додгоҳӣ нисбат ба парвандаи халабони рус Владимир Садовничий ва эстон Алексей Руденко дар Тоҷикистон ва ҳадди зиёд сиёсӣ кардани ин қазия , айни замон масъалаҳои муҳоҷирати корӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо хеле муҳиму рӯзмарранд.
«Мутааасифона, вазъият аз доираи ҳуқуқӣ берун рафта ва бо ҷалби расонаҳои хабарӣ ва баррасиҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба ин майдон шиддати бештар касб намуд. Изҳороти номатлуб, ҳатто таҳқиру тавҳин ва даъватҳои моҷароҷӯёна ба мушоҳида мерасанд. Ин ҳолат рӯҳияи миллатгароӣ ва адовати нажодиро дар ҷомеаи Русияву Тоҷикистон доман мезанад, ки ба манфиати гурӯҳҳои бадхоҳи дохилӣ ва неруҳои геополитикии беруна аст», – гуфта мешавад дар изҳорот.
Мақомоти раҳбарии созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз расонаҳои хабарии Русия ва Тоҷикистон даъват намуданд, ки аз идомаи ташдиди ихтилоф худдорӣ кунанд ва бидуни эҳсосоти зиёдатӣ барои воқеъгаронаву дар камоли тавозун инъикос намудани мавзӯъ талош варзанд.
Акс аз www.newsfromweb.ru