То имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 412 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардид, ки 105%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вилояти Хатлон ҳудуди 271,1 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ гардидааст, ки аз нақша 4,1% зиёд буда, нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 70 ҳазор тонна бештар мебошад.
Кишоварзони вилояти Суғд то имрӯз 114,3 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки аз нақша 8,9% зиёд буда, нисбат ба нишондиҳандаи хамин давраи соли гузашта 22 ҳазор тонна бештар аст. Дар ноҳияҳои тобеъи марказ наздик ба 26 ҳазор тонна пахта ғунучин шудааст, ки аз нақша 6,2% зиёдтар аст.
Соли равон дар Тоҷикистон ҷамъоварии 390 ҳазор тонна ҳосили пунбадона пешбинӣ шуда буд. Аммо дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ мӯътақиданд, ки соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 420 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ хоҳад шуд. Бори нахуст дар таърихи истиклолияти кишвар пахтакорон дар нимаи моҳи октябр нақшаи ҷамъоварии пахтаро ба иҷро мерасонанд. Маъмулан нақша моҳи ноябр ба иҷро мерасид. Ҳосили пунбадона то боридани барфи аввал ҷамъоварӣ мегардад.
Соли равон ғунучини ҳосили пахта аввали моҳи сентябр огоз гардид. Соли гузашта бошад, бинобар номусоидии обуҳаво ғунучини ҳосил хеле дертар шурӯъ гардида буд.
Соли ҷорӣ дар майдони 205 ҳазор гектар пунбадона кишт карда шуд. Ин нишондиҳанда соли гузашта каме зиёдтар аз 160 ҳазор гектарро ташкил медод.