Дар доираи амалӣ сохтани барномаҳои ҳукумат оид ба таъмини аҳолӣ бо қитъаҳои замин барои сохтмони манзили зист дар шаҳри Конибодом тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ идома дорад.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл дар байни 207 нафар сокинони шаҳру ҷамоатҳо ва деҳоти шаҳри Конибодом пурсиши афкор оид ба таъминот бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ доир гардида буд, ки аксарияти пурсидашудагон аз камбуди тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ шикоят намуда буданд.
Бино ба иттилои мнбаъ, дар зрфи ду моҳи охир 53 нафар сокинони шаҳр ва зиёда аз 2000 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманди ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ шуданд.