spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Нома ба ҳамсолам Дмитрий Медведев…


Салом, Дмитрий Анатолевич! Ман аслан ба ягон президент ва дар ягон давра номае нанавиштаам, аммо ба ту менависам. Зеро фикр дорам, ки ҳуқуқ дорам, ба ту, ҳамчун ҳамсол ва муҳимтар аз ин аъзои 1 команда-тими сиёсии Анатолий Александрович Собчак нома нависам:

Ман низ чун ту Университети давлатии ордени Ленин ва ордени Шарафи Меҳнатидоштаи ба номи Жданови Ленинград (Санкт-Петербург)-ро хатм кардаам. Ман низ чун ту дар 2 маъракаи муҳиму тақдирсоз барои Русия ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ширкат кардаам ва мо ҳар 2 дар ин 2 маърака аъзои 1 тим будем ва ба 2 нафаре овоз додем, ки таърихро дигар карданд.

Яъне дар интихобот ба Шўрои Олии СССР ба ҷонибдории Анатолий Собчак (1989) ва дар интихоботи нахустин президенти Русия ба тарафдории Борис Николаевич Елтсин (1991).

Ман ёд дорам, ки чигуна аспирант ва муаллими факултаи ҳуқуқ, Дмитрий Медведев бо амри виждон, шахсан худаш, пои пиёда гашта, тоблуҳои таблиғотии Анатолий Собчакро дар кўчаву хиёбонҳо, шаҳраки донишҷўён мечаспонид. Ин худфидоӣ барои ақида мо-ҳамсолонатро ба ваҷд меовард. Зеро кам муаллимеро дидаем, ки бо ин хоксорӣ тоблуву ширеш бардошта, аз номзадии вакилаш пуштибонӣ мекард. Ман низ чун ту аз лексияҳои ҳуқуқии Анатолий Александрович баҳра бардоштаам ва муҳимтар аз ин дар шабнишиниҳои инқилобӣ-ҳуқуқии Собчак дар маъракаи интихоботӣ ва пас аз он низ ширкат доштаам. Шояд ёд дорӣ, ки ў дар ошёнаи 15, хобгоҳи Донишгоҳ, кўчаи Кораблестроителей, толори 1502 чӣ мегуфт? Мегуфт, ки давлат ба ҳуқуқшиносони воқеӣ ниёз дорад; мегуфт, ҳуқуқи ҳама миллатҳо бояд баробар бошад; мегуфт, ки мо ҳама ҳуқуқҳои инсонии худро бояд ҷамъу гирд оварда, ҳифз кунем. Ваъда дода буд, ки командаи ў намегузорад, ки ҳатто ҳуқуқи 1 одам дар сартосари СССР поймол гардад. Ў инро аз номи ту ҳам мегуфту аз номи ман ҳам. Зеро ман ҳам ба ў овоз дода будам ва ту узви ин команда будӣ! Вале имрўз чӣ дидам, Дмитрий? Ваъдаи амалкарди тавозун ва зиддитавозунӣ (симметричный и асимметричный) аз забони ҳуқуқшинос ва президент!

Дмитрий Анатолевич! Ба ман ҳамчун дилетанти ҳуқуқӣ фаҳмонед, ки чигуна шуда, ки ҳуқуқшиноси маъруф, яке аз 3 муаллифи китоби дарсии «Ҳуқуқи гражданӣ» ва шогирди содиқи ҳуқуқшиносе, ки муаллифи аслии Конститутсияи Русия аст (А.А.Собчак, С.С.Алексеев ва С.М.Шахрай), тавозуни адлу инсофро канор гузошта, думболаи эҳсосот рафтаву бо «шарики стротегӣ» ба ҷанг пардохтааст? Фарқ байни ҳуқуқшинос Жириновский ва ҳуқуқшинос Медведев дигар дар куҷост, а, Дмитрий?

Тоҷикон, ҳамонҳое, ки зиддаш шўридаӣ, мисраъи хубе офаридаанд, ки умедворам муаллифашро медонӣ: «Мардӣ набувад фитодаро пой задан!». Ҷанг бо чанд гастербайтери пойлуч ва беҳуқуқ аз рўи инсоф нест ва пирўзӣ дар ин «набард» бар шарафи касе наафзудааст. Инро ҳамчун ҳамфикр ва ҳамақидаи собиқ мегўямат, на чун Тоҷик ва ё Рус; мову ту ҳомосоветикус ҳастем ва 1 тарбия гирифтаем; ҳам дар мактаби миёна, ҳам дар Донишгоҳ ва ҳам дар тими инқилобии Собчаку Елтсин. Тарбияи фарҳангиамон низ якест. Ман умре фахр доштам, ки парвардаи фарҳангу култури Петербургам. Мегуфтам ва ҳанўз ҳам мегўям, ки танҳо сайру гашти Питер ва сўҳбат бо кампиракони блокадаи Ленинградро пасисаркарда, 1 ҷаҳон дарси одамгариву башарпарварӣ дорад. Воқеан ҳам, Дмитрий, ин тобистон дар шаҳри ҷавониамон будам ва бо чашми сар дидам, ки петербургиҳо то ҳанўз аз наҷотбахшони худ дар «Блокадаи 900 рўза» чигуна арҷ мегузоранд. Дар Петергофф нархи билет барои андозсупорандагони ФР ва шаҳрвандони СНГ 2 карат арзон аст. Ягона шаҳр дар Русия, ки шаҳрвандони СНГ, собиқ давлатҳои шўравиро барои хидмати бобоҳошон дар ҶБВ ва ҳифзи Ленинград фаромўш накардаанд.

Воқеан ҳам, Дмитрий Анатолевич, дар бораи ин Блокада низ бояд сўҳбат кард. Зеро то ҷое ман медонам, соате ки тағои ман-Носир Раҷабови 18 солаи балҷувонӣ дар ин ҷода 17 тирпораи снаряд хўрда, ба хуну хок олуда, «За Ленинград!» гуфта ҷон медоду Тўйчӣ Эрйигитови 22 солаи аштӣ амбразураи пулемёти фашистони истилогарро дар деҳаи Смердиняи ноҳияи Тосненскои Ленинград бо бадан мепўшонид, модару момои ту дар Сталинобод охирин кулчаи момову модари маро бо ҳам ноништа мекарданд. Момаи мо ҳич вақт дар фикри амалкарди симметричный ва асимметричный дар нисбат ба момаи ту набуд, ҳарчанд 9 кўдакаш нон гуфта, фавтидааст. Дидӣ, Дмитрий, ки мо чигуна наздик будему чигуна дур шудаем?

Дмитрий, Носиру Тўйчии қаҳрамон айнан дар ҳамин синну соле барои Ленинград-шаҳри ҷавонии ману ту ҷон бохтанд, ки ҳамсолони Тоҷикашонро пулиси рус ин шабу рўз облава карда, пойи лучу сари луч дар кўчаҳои Маскав-дили собиқ Империяи шўравӣ байни барфу борон медавонад; сўи КПЗ. Барои чӣ? Барои сарнавишти 1 ҳавонаварди марзшикан ва 2 самолёти Ан-72, ки моли ширкати Амрикост???

Дмитрий Анатолевич! Ёдат ҳаст, ки Собчак-лидери сиёсии мо-ҷавонони питерӣ, мегуфт, ки набояд сиёсатмадор бо эҳсоси миллатҳо бозад, ки ҳарчанд пирўзии зудрас меоварад, вале шикастҳои ногузир дар пай дорад; ба вежа барои кишваре, ки таърихан сермиллату бисёрконфессионалист. Тамом вассалом!


Бо камоли эҳтиром,


САЙЁФИ МИЗРОБ (Достиев С. М.), журналис

т

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...