Чанде қабл ҳавопаймои нави «Боинг»-и ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба майдони ҳавоии шаҳри Душанбе фуруд омад.
Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, ширкати «Сомон Эйр» соли 2008 ба фаъолият шурӯъ карда, ин ҳавопаймои панҷуми мусофирбари он аст.
Ҳавопаймо дар корхонаи истеҳсолкунанда, дар шаҳри Сиэтли ИМА бо фармоиши махсуси ширкат бандубаст ва омода гардида, 184 ҷойи нишаст дорад. Маблағгузорӣ ба муомилоти мазкурро ширкати «Сомон Капитал» ба ӯҳда дошт.
Ин ҳавопаймо барои таъмини парвоз ба хатсайрҳои масофаашон тӯлонӣ, аз қабили Душанбе-Франкфурти Майн, Душанбе-Дубай, Душанбе-Истамбул, Душанбе-Ҷидда, Душанбе-Урумчӣ, Душанбе-Маскав, Душанбе-Санкт-Петербург ва хатсайрҳои аз ҷониби ширкат пешбинишудаи Душанбе-Бангкок ва Душанбе-Сеул истифода карда мешавад.
Ҳавопаймо ба исми Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров номгузорӣ шуд. Дигар ҳавопаймоҳои мавҷуда дар ширкат ба исми Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Ширнишо Шотемур номгузорӣ шудаанд.
Дохили ҳавопаймо ба ҷуз таҷҳизоти маъмулӣ, бо услуби миллӣ оро дода шуда, он бо низоми мултимедиа муҷаҳҳаз шудааст. Акнун мусофирон ҳангоми парвоз метавонанд вақти худро бо шунидани мусиқӣ, филм ё бозии дӯстдошта паси сар намоянд.
Қобили зикр аст, ки сафорати ИМА дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон интиқоли лавозимоти тиббии атошударо бо ҳавопаймои Боинг 737-900ER, ки аз тарафи «Сомон Эйр» нав харидорӣ шуда буд, ҳамоҳанг сохтанд. «Сомон Эйр» ба Сафорати ИМА имкон дод, ки дар вақти таҳвили ҳавопаймо аз Иёлоти Муттаҳида ба Душанбе ёрии башардӯстонаро ба Тоҷикистон бепул интиқол намояд.
Айни замон Ширкати «Сомон Эйр» парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Франкфурти Майн (Олмон), Дубай (АМА), Истамбул (Туркия), Урумчӣ (Чин), Ҷидда (Арабистони Саъудӣ), Симферопол (Украина), Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Красноярск (Русия), Алмаато (Қазоқистон) ва аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Санкт-Петрбург, Красноярск, Ханти-Мансийск, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Нижневартовск (Русия)-ро ба анҷом мерасонад.