spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ромодановский: Ҷорӣ кардани реҷаи раводид бо Тоҷикистон ғайриимкон аст


Роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский бар ин назар аст, ки айни замон ҷорӣ сохтани реҷаи раводид миёни Русия ва як қатор кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон ғайриимкон аст

.

«Бо назардошти ташкили фазои ягонаи авруосиёӣ ва ҳамгиройии Русия бо кишварҳои қораи Осиё, ҷорӣ сохтани реҷаи раводид бо ин кишварҳо мувофиқи мақсад нест», – гуфтааст вай.

Дар идома номбурда зикр кардааст, ки иқтисоди Русия барои фаъолияти мӯътадил дар як сол ба 330 ҳазор муҳоҷири корӣ ниёз дорад.

Ба қавли ӯ, тибқи маълумоти омории ВКД-и Русия, ҳудуди 3,4%-и ҷиноёти содиршуда дар Русия ба муҳоҷирони корӣ рост меояд. Дар шаҳри Маскав ин нишондиҳанда ба 19% баробар аст.

«Муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба иқтисоди Русия хисороти зиёд ворид сохта, талафоти андоз аз он то ба 40 млрд. рубл мерасанд», – иброз доштааст вай.

Ҳудуди 1,7 ҳазор муҳоҷирони корӣ, ки сеяки онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, то судури қарори додгоҳ дар бораи истирдод аз Русия барои нақзи қонунгузории ин кишвар дар боздоштгоҳҳои махсус қарор доранд.

Нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки моҳи ноябр боздошт шуда буданд, Ромодановский гуфтааст, агар додгоҳ дар бораи ихроҷи онҳо аз Русия қарор қабул кунад, онҳо ба ватан фиристода хоҳанд шуд.

Роҳбари Хадамоти федералии мӯҳоҷирати Русия таъкид сохтааст, ки боздошти муҳоҷирини кории тоҷик ба «қазияи халабонон» вобаста набуда, қарори ошкор ва боздошти муҳоҷирини кории ғайриқонунӣ дар Маскав ҳанӯз моҳи сентябр зимни мулоқоти ӯ бо раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин қабул шудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...