Дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ мутантан таҷлил гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ба муносибати солгарди ин рӯзи пуршукӯҳ ва барои кулли тоҷикистониён муқаддас имрӯз дар шаҳри Хуҷанд – маркази маъмурии вилояти Суғд намоиши идона баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, 10 ҳазор нафар иштирокчиёни намоиши идона Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври «зинда» хонданд.
Раиси вилояти Суғд муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сокинони вилоят ва кулли ҳамдиёронро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрику шодбошиҳо гуфт.
Аз назди минбари идона ороёфтаи рӯ ба рӯи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳайати шахсии ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд бо қадаммонии низомӣ гузаштанд.
Парчами 250 – метраи Ҷумҳурии Тоҷикистонро садҳо ҷавонон алвонҷ дода, аз назди минбар роҳпаймоӣ карданд.
Дар толору муассисаҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои идона ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ барпо шуданд.
Парчами давлатӣ қатори Нишони давлатӣ ва Суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҷаҳониён эҳёи сохти конститутсионии кишвари тозаистиқлоли тоҷиконро эълом дошт, тасдиқ ва қабул гардида буд.