spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Густариши ҳамкориҳо миёни АНМН ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фаронса


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо сарвари Намояндагӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи Франсия дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Пер Пушэрэ ва ҳамроҳони ӯ доир гардид.

Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи агенти мазкур хабар доданд,. дар ҷараёни мулоқот Директори Агентӣ ҳайати меҳмонҳоро бо вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ, чораву тадбирҳое, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти назорати маводи нашъаовар меандешад, ташкили ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо ҳамкорон аз дигар кишварҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шинос намуда, дар бораи фаъолияти Агентӣ, дастовардҳо ва дурнамои рушди он муфассал нақл кард.

Аз ҷумла ҷонибҳо имконияти расонидани кӯмакҳои моддӣ-техникиро барои хадамоти махсусгардонидашудаи миллии кинологӣ, ки дар он омодасозии кинологҳои касбӣ, парвариш ва омӯзиши сагҳои хизматии ҷустуҷӯӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор мубориза мебаранд, дар назар гирифта шудааст,  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар поёни мулоқот ба иштирокчиёни семинари  “Механизмҳои тафтиши ҷиноятҳои мухаддиротӣ”, ки  аз ҷониби Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии политсияи Сафорати Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 21-24 ноябри соли ҷорӣ баргузор гардид, сертификат ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд. Семинари мазкур барои такмили ихтисоси кормандони АНМН дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар равона шуда буд.

Дарсҳо барои кормандони Агентӣ аз ҷониби таҳлилгарон аз Бригада оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири назди Префектураи политсияи шаҳри Париж  гузаронида шуд. Дар доираи семинар 20 нафар кормандон гузаронидани чорабиниҳои гуногуни техникӣ ва фаврии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъоварро омӯхтанд, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориҳо дар ҷараёни баргузории чорабиниҳо низ коркард шуданд.

Намояндагони ҳайати фаронсавӣ қайд карданд, ки роҳандозии муколамаи фаъол миёни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Фаронса ба ҳамкориҳои муваффақонаи оянда низ мусоидат хоҳанд намуд.

Зимни суханронии худ Директори Агентӣ Р. Назаров ба аҳамияти баргузории чунин курсҳои омӯзишӣ барои беҳбуди мубориза бо мухаддирот дар минтақа таъкид намуд ва ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти мубориза бо маводи мухаддир изҳори умед намуд.    

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...