Бо мақсади баргузории чорабиниҳои пешгирикунанда миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон (АНМН) бо намозгузорон ва сокинони атрофи масҷиди ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Душанбе мулоқот карданд. Мулоқоти кормадони Агентӣ дар атрофи вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва роҳҳои раҳоӣ аз бемории нашъамандӣ доир гардид.
Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон дин дар ҷомеа нақши басо муҳим дорад. Бо назардошти ин намояндагони Агентӣ чунин мулоқотҳоро зарурӣ шумурданд. Ҳарчанд худи намозгузорон медонанд, ки шариати исломӣ истеъмол, истеҳсол ва фурӯши маводи мухаддир ва дигар моддаҳои мадҳушкунандаро мамнӯъ эълон кардааст.
Бо ҳамин мақсад ташкилкунандагони вохӯрӣ аз ҷамъомадагон хостанд, то дар таблиғи тарзи ҳаёти солим ва солимии ахлоқ дар байни ҷавонон фаъол буда, сари вақт ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили истеъмоли мухаддиротро пешгирӣ намоянд. Дар ин бора аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд.