Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, мутобиқи қарори шӯро барои таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи иҷора» дар таҳрири нав як гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
«Гурӯҳи кории мазкурро раиси Кумитаи парлумон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов роҳбарӣ мекунад», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи шӯро ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» низ баррасӣ шуда, ҳайати парлумонии Тоҷикистон барои иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Асссамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (шаҳри Санкт-Петербург, 21-24-уми декабр) муайян гардид.
Дар ҷаласаи Шӯрои парлумон лоиҳаи рӯзномаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чаҳорум, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта доир мегардад, тасдиқ карда шуд.