Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мудири Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Петер Микуларо ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар оғоз Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз вазъи муносибот миёни Тоҷикистон ва Швейтсария изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши фаъоли Дафтари мазкурро дар амалигардонии барномаҳои кӯмак ва рушд дар Тоҷикистон қайд сохт.
Дар навбати худ, П. Микула доир ба таҳияи Стратегияи нав барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2012-2015, ки Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад, иттилоъ дод. Стратегияи мазкур бештар ба татбиқи бахшҳои обтаъминкунонӣ, тандурустӣ, рушди бахши хусусӣ, волоияти қонун ва мудирияти захираҳои обӣ дар сатҳи минтақавӣ равона хоҳад шуд. Ҳамчунин, бархе аз барномаҳои бахши энергетика идома хоҳанд ёфт. Дар ин робита, Мудири Дафтари Швейтсария аз дипломати тоҷик хоҳиш намуд, то роҷеъ ба самтҳои пешниҳодшудаи стратегияи номбурда изҳори назар кунад.
Вазир Ҳ. Зарифӣ дар маҷмӯъ бахшҳои зикргардидаи Стратегияро ҷонибдорӣ намуда, амалисозии онро муҳим арзёбӣ кард. Ҳамзамон, тибқи ақидаи Вазир, бо дарназардошти теъдоди зиёди муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ, ба мақсад мувофиқ мебуд, ки агар Дафтари мазкур дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва Хадамоти муҳоҷирати кишвар барномаи забонӣ ва таълимиро ҷиҳати бозомӯзии ҷавонони тоҷик таҳия намояд.
П. Микула пешниҳоди Вазири корҳои хориҷиро ҷонибдорӣ карда, итминон дод, ки пешниҳод баҳри амалисозии он баррасӣ хоҳад шуд.
Тибқи дархости П. Микула, Вазир назари хешро оид ба масъалаи ихтисоршавии неруҳои эътилофӣ дар Афғонистон дар соли 2014, густариши минбаъдаи вазъ дар ин кишвар ва таъсири он ба минтақа баён кард.