spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти шаҳрдории пойтахт


Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Тавре сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷаласа дар радифи дигар масоили хоҷагидории шаҳр дар самти хизматрасониҳо ба аҳолӣ ва фаъолияти сохторҳои марбутаи хизматрасон, қабл аз ҳама вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ,  ҳолати роҳу пиёдагардҳо ва латокҳои обпартои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо хулоса аз санҷишҳои ҷамъиятию аз ҷониби сохторҳои дахлдор дар 85 хатсайрҳои фаъол анҷомгирифта, ки аз тарафи корхонаҳои коммуналӣ ва Ҷамъиятҳои мусофиркашон хизматрасонӣ карда мешавад Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбат ба фаъолияти ҷойдошта дар нақлиёти ҷамъиятӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба муовини соҳавии  Раиси шаҳри Душанбе Абдулхайр Оев танбеҳ эълон карда, муқаррар сохт фаъолияти Ситоди шаҳрӣ бобати ба танзимдарории хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, ки аз ҷониби раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо Субҳон Сафиалоев назорат бурда мешавад дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ карда шавад.

Дар робита ба ин таъкид намуд, ки назорати ҳамарўзаи ҷамъиятӣ ва сохторҳои марбута дар ҳама хатсайрҳо таври доимию қатъӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон муқаррар сохт, ки минбаъд дар ҳолати аз ҷониби корхонаҳои коммуналӣ ва Ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ  риоя нагардидани таъминсозии теъдоди зарурии воситаҳои наклиёт ва ҳаракати мунтазами онҳо дар хатсайрҳо, ки боиси нигаронии мусофирон мегардад, хатсайрҳои мазкур бо беэътибор донистани иҷозатномаи Ҷмаъиятҳо оид ба фаъолияти мусофиркашонӣ ба дигар Ҷамъиятҳои дорои иҷозатнома вобаста карда мешаванд.

Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои барномавии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум, ки фаъолияташ ба рушди инфрасохтории шаҳр нигаронида шудааст, дастур фармуд, ки соли 2012 қисми барзиёди иҷроиши ҷамъоварии маблағҳо ба буҷа дар асоси Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳолати зарурат 30%-и буҷети шаҳрӣ ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои  шаҳри Душанбе таври ҳатмӣ 100% барои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо сафарбар карда шавад. Дар ин зимн Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳоро муваззаф сохт, ки мақсаднок истифодабарии маблағҳоро таъмин сохта, баҳри иҷрои босифати корҳо бо эълон доштани озмуни кушод ташкилотҳои соҳибтаҷрибаи пудратиро ҷалб намоянд.

Инчунин дар ҷаласа ҳамчун яке аз масъалаҳои мубрам таквияти тадбирҳои шаҳрдории Душанбе нисбат ба дастгирии иҷтимоии категорияҳои оилаҳои камбизоат ва шахсони ба ғамхорӣ ниёзманди шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулини шаҳру ноҳияҳо дастур гардид, ки дар доираи қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳр расонидани кўмакҳои доимиро ба ин категорияҳо вусъат бахшида, пайваста аз натиҷаи он  ва мониторинги корҳои суратгирифта унвонии шаҳрдорӣ ахбор манзур созанд.

Дар ин маврид ҳамзамон супориш дод, ки то 30 декабри соли 2011дар ҳамкорӣ бо  бахши душанбегии Хадамоти муҳоҷирати назди вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бори дигар теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ аз шаҳри Душанберо бо инобати тахассус ва шуғли имрўзаашон дар хориҷ аз кишвар дақиқ намуда, ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави кории ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгў  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои заминистифдабарӣ, қабл аз ҳама татбиқи Нақшаи генералӣ дар маҳаллаи Ховарон ва ҳолати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки тибқи муқаррарот барои воқеияти ниёзмандии муроҷиаткунандангонро ба қитъаи замин бобати сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ муайян намудан  ба ноҳияҳои шаҳр фиристода шудаанд, зикр сохт, ки зери масъулияти муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе тезонидани корҳои омўзишӣ дар ноҳияҳо  вусъат бахшида шавад.

Ҳамзамон баҳри аз байн бурдани монеаҳои сунъӣ, ки дар баррасии муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ аз ҷониби масъулин таври нохоста дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ё худ дар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ҷойдошта Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри ҳимояи ҳуқуқи муроҷиаткунандагон  аз шаҳрвандон  даъват ба миён овард, ки дар сурати ба чунин ҳолат мувоҷеҳ гаштанашон тавассути телефонҳои боварии 221-98-51, 221 -25-96, 221-13-11 ё худ тарики почтаи электронии Раиси шаҳри Душанбе [email protected]  фавран муроҷиат намоянд. Чунин муроҷиатҳо ҳар ҳафта бо иштироки ҷонибҳо рўзҳои шанбе зимни қабули шахсии Раиси шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Инчунин дар ҷаласа М. Убайдуллоев масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ, таълиму тарбия дар системаи маорифи шаҳр, омодагиҳои саросарӣ ба зимистонгузаронӣ, сарфаву сариштакорона истифодабарии нерўи барқ, ҷамъоварии андоз ва фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдориро  ба риштаи таҳлил кашида, ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас дод.

Дар ҷаласа ҳамзамон аз ҷониби Раиси шаҳр як қатор дигаргуниҳои кадрӣ андешида шуд, ки тибқи он Холиқов Муним Маруфович бинобар сардори шўъбаи  Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъин шудан муаррифӣ гардида, директори Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе» Назаралӣ Сатторов ва директори Боғи Дўстии Халкҳо Алӣ Фақеров аз вазифа сабукдўш карда шуданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...