Зимни кори мизи гирд таҳти унвони «Муҳоҷирати корӣ ба Русия: паҳлӯҳои мусбату манфӣ» дар шаҳри Санкт-Петербург ёвари сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Виталий Илченко изҳор кард, ки Русия механизми алтернативии танзими раванди муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Тоҷикистонро ҷорӣ мекунад.
«Чунин механизм интихобест, ки он ҳадафмандона ташкил мегардад, яъне дар давлатҳое, ки муҳоҷирони кориро қабул мекунанд, заминаи маълумотномаи ҷойҳои кории холӣ ва дар кишваре, ки аз он шаҳрвандон муҳоҷиратро ихтиёр мекунанд, заминаи маълумотномаи коргарон ташкил мегардад. Мутаносибан, ба Русия коргарони мушаххас сафарбар мешаванд, ки бо корфармо қарордоди меҳнатӣ доранду он будубоши қонунӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳоро таъмин менамояд», – шарҳ дод Илченко.
Ӯ иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон ба ин кор КВД «Тоҷиквнештур» ва дар Русия КВДФ «Паспортно-визовый сервис» машғуланд. «Механизми ҳадафмандонаи интихоб якчанд моҳ пештар ба кор оғоз кард ва дар доираи он аллакай зиёда аз 100 нафар муҳоҷирони кории тоҷик ба шаҳри Санкт-Петербург омада, соҳиби ҷойҳои корӣ гардиданд», – иброз дошт номбурда.
Илченко ҳамчунин иброз дошт, ки дар зарфи се соли ахир симои нави муҳоҷири меҳнатӣ ташаккул ёфтааст ва «акнун симои нави корфарморо дидан мехоҳем». «Аз ин рӯ, назорат аз болои риояи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирони корӣ аз ҷониби корфармоён пурзӯр карда мешавад», – гуфт ӯ.
Вай афзуд, айни замон масъалаи имкони баргузории муоинаи тиббии муҳоҷирон дар ватан пеш аз сафар мавриди баррасиву таҳия қарор дорад.