spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Анҷоми лоиҳаи обтаъминкунии USAID дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Турсунзода


Хонум Сера Пенхюн, муовини сардори намояндагии ИМА дар Тоҷикистон барои ширкат дар маросими ифтитоҳи расмии ба истифода додани сохтори нави обтаъминкунӣ ба деҳаи Якуми Май, ки дар ҷануби ноҳияи Турсунзода ҷойгир аст, ташриф овард.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ин маросим инчунин сардорони маҳалла ширкат варзиданд ва аз ҷониби мактаббачагон намоиши таълимию тарбиявӣ оид ба аҳамияти оби тозаи нӯшокӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошт пешниҳод гардид. Лоиҳаи мазкур дар деҳаи Якуми Май яке аз ҳафдаҳ лоиҳаҳои хурди обтаъмикунӣ буда, аз ҷониби лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон соли 2011 амалӣ гаштааст.

“Ҳадафи асосии мо дастгирии деҳаҳои Тоҷикистон дар беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва ояндаи хуби сокинони онҳо тавассути ҳамкорӣ ва сафарбар намудани ҳама гуна заҳираҳои корӣ ва молиявӣ аст”, – дар суханронии хеш қайд намуд хонум Пенхюн. Сокинони деҳаи Якуми Май аз нарасидани оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд, ки ин боиси паҳншавии бемориҳои сироятии пешгиранда дар ин минтақа гардид. Барои беҳтар намудани дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дар чорчӯбаи фаъолияти лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” ва дар ҳамкорӣ бо ҳукумати маҳаллию аҳли маҳалла “Нақшаи амалиёти маҳалла оид ба ҳалли масоили об ва саломатӣ” таҳия карда шуд. Бо дастгирии лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” инҷониб  76, 744 нафар аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд ва то ба анҷом расидани фаъолияти ин лоиҳаи сесола умуман зиёда аз 100, 000 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин ҳоҳад гардид.

Лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмаки мардуми Амрико мебошад, ки тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб барои амалӣ гардонидани барномаҳои дастгирии рушди институтҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва иқтисодиёт дар Тоҷикистон тақрибан 984 милион доллар ҷудо намудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...