spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сафири ИМА шахсони бо ВНМО сироятёфтаро ба ҳузур пазируфт


Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кен Гросс фаъолон ва намояндагони шахсони бо ВНМО сироятёфтаро ба қароргоҳи худ барои вохӯрии ғайрирасмӣ таклиф намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ВНМО дар Тоҷикистон ва тарзи зисти касони аз паҳншавии босуръати ин беморӣ осебдида мавриди муҳокима қарор гирифт. Рӯйдоди мазкур ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо БПНМ, ки аз соли 1988 аз тарафи аҳли ҷомеаи ҷахон қайд карда мешавад, бахшида шуда буд. Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокӣ оиди ВНМО /БПНМ ва дастгирии шахсони бо ВНМО сироятёфта мебошад.

Ҳангоми мулоқоти ғайрирасмӣ бо ин мардони далер, сафир вазъияти пайваста бо ВНМО/БПНМ будаи Тоҷикистонро кушоду равшан баррасӣ намуд. Дар байни саволҳои гузошташуда аввалиндараҷа хавфи паҳншавии босуръати ВНМО, тамғагузорӣ ва ҳуқуқпоймолкунӣ ва нақши шахсони бо ВНМО сироятёфта дар пешгирии паҳншавии ВНМО дар Тоҷикистон қайд гардид.

Ҷаноби сафир чунин қайд намуд: «Дар Тоҷикистон имконияти нодиртарини боздоштани паҳншавии ВНМО мавҷуд аст, пеш аз он, ки ин паҳншавӣ андозаи миқёсӣ нагирад. Барои ин бояд санҷишҳоро дар байни оммаи васеъ, роҳҳои пурсамари пешгирӣ ва табобати бардавоми шахсони бо ВНМО сироятёфтаро гузаронд. Вале агар мо аз муҳокимаи кушоду равшани ин масъалаи ҳалталаб ҳаросем ва бо нодонии худ барои истифодаи ҳамаи хизматҳое, ки онҳо эҳтиёҷ доранд, монеа шавем, ҳамаи кӯшишҳо ҳеҷанд ».

Ҳарчанд паҳншавии ВНМО дар байни аҳолии Тоҷикистон паст аст, вале хавфи паҳншавии босуръати он вуҷуд дорад. Аксари ҳолатхои нави ба қайдгирифташудаи ВНМО ба истеъмолкунандагони маводи нашъаовар рост меояд. Адади сироятёбӣ тавассути алоќаи ҷинсӣ низ боло рафта истодааст. Ташкилотҳои зиёде, ки лоиҳаҳои амалкунанда доранд ва аз он ҷумла аз тарафи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ карда мешаванд, ҳолатҳои тамғагузорӣ ва ҳуқуқпоймолкуниро аз тарафи кормандони корҳои дохилӣ, идораҳои тиббӣ ва ҷамъият қайд менамоянд.

Дар асоси Нақшаи Президенти ИМА доир ба расонидани ёрии таъҷилӣ вобаста ба БПНМ (PEPFAR) Ҳукумати ИМА ёрии худро барои пешгирӣ, нигоҳубин ва табобати ВНМО барои миллионҳо одамони тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла шахсони аз ВНМО осебёфтаи Тоҷикистон низ мерасонад. Дар даҳаи гузашта якбора якчанд лоиҳаҳои амалкунандае, ки аз тарафи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ карда мешавад, дар самти пешгирии паҳншавии ВНМО дар Осиёи Миёна ва беҳтар намудани сифати нигоҳубини шахсони бо ВНМО сироятёфта кори худро пеш бурданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...