spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Энергетикҳои Кӯлоб қарзашонро аз Вазорати мелиоратсия рӯёниданианд


Соли равон ба воҳидҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар маҷмӯъ ба маблағи 2 млн. 270 ҳазор сомонӣ нерӯи барқ интиқол дода шуд

.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори идораи минтақавии шабакаҳои барқи Кӯлоб Мирзо Исмоилов хабар дод, воҳидҳои вазорати мазкур аз ин миқдор ҳамагӣ 11% ё худ 255 ҳаазор сомонӣ маблағи истифодаи нерӯи барқро пардохт кардаанду халос.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз маъмурияти вилоят хабар дод, ки ҳанӯз моҳи август оид ба масъалаи пардохти маблағи барқ аз ҷониби ин воҳидҳо реҷа тартиб дода шуда, онро раиси вилояти Хатлон шахсан ба имзо расонида буд.

Аммо назорати шахсии роҳбари вилоят натиҷаи дилхоҳе надод – аз ноҳияи Восеъ – 159, Фархор – 70, Мӯъминобод – 15,5 ҳазор сомонӣ ва ноҳияҳои Ҳамадониву Ховалинг ҳамагӣ 5 ҳазор сомонӣ маблағ дастрас гардид.

Ба гуфтаи Исмоилов, воҳидҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ҳатто маблағҳоеро, ки тавассути Суди иқтисодӣ ба фоидаи энергетикҳо рӯёнида шуданд, пардохт намекунанд. «Соли сеюм аст, ки 5 млн. сомонии тавассути суд рӯёнидашударо гирифта наметавонем», – гуфт вай ва афзуд, ки қарзи умумии ин воҳидҳо бо назардошти боқимондаҳои соли гузашта аллакай 12 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Як манбаъ аз хадамоти иҷрочиёни судӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала иброз дошт, ки воҳидҳои Вазорати мелиоратсия аз вазъи имтиёзнок бархӯрдоранд. «Ҳабси амволи онҳо барои қарз ва ҳатто пардохт накардани андоз ба буҷети ҷумҳурӣ манъ аст, – мегӯяд ӯ. – Бо қарори махсуси ҳукумат онҳо барои истифодаи барқ маблағи ночизе – 1,5 дирам барои 1 кВт/соат пардохт мекунанд, дар мавсими обёрӣ бошад, аз долонҳои ҳукуматӣ супорише содир мегардад, ки дар он энергетикҳо ба таври ихтиёриву маҷбурӣ муваззаф мешаванд, ки ба пойгоҳҳои обкашии мошинӣ нерӯи барқ интиқол диҳанд». 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...