spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Парлумон мӯҳлати ҳадди ақали қабул ба корро як сол муқаррар кард


Дар ҷаласаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум вакилон ворид сохтани тағйироту илова ба Кодекси меҳнатро маъқул шумориданд.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала вакил Сабоҳат Муқумова зикр кард, ки мутобиқи тағйироту илова ба Кодекси меҳнат, минбаъд корфармо сарфи назар аз шакли моликият, ҳуқуқ надорад, ки бидуни имзои қарордоди меҳнатӣ бо коргар ба муддати на камтар аз як сол ӯро ба кор қабул намояд.

«Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ тарзи қабул ба кор ба муҳлати як, ду ё се моҳ бидуни имзои қарордоди меҳнатӣ маъмул шудааст, ки ҳуқуқи шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, пардохти варақаи беморӣ ва ғайраро поймол менамояд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, ки аз рӯйи ин масъала назари худро иброз дошт, айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 2 млн. шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъминанд, ки беш аз 50 дарсадашро занон ташкил медиҳанд.

«Аслан аксари коргарони бахши хусусии иқтисод ба мушкилоти баромадан ба рухсатӣ, озод гардидан аз ҷойи кор бидуни шарҳи сабаб ва ғайра дучор мешуданд, аммо баъди воридоти тағйирот ба Кодекси меҳнат ҳеҷ кас дар давоми сол ҳуқуқ нахоҳад дошт, ки онҳоро бе сабаби узрнок, бидуни санҷиши сатҳи тахассусӣ ё муоинаи тиббӣ аз кор сабукдӯш созад», – изҳор кард вазир.

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ, қайд кард, ки дар масъалаҳои сабукдӯш кардан аз кор натанҳо роҳбарони ширкатҳои хусусӣ, балки сохторҳои давлатӣ низ аз вазифа суистеъмол мекунанд. «Имрӯз дар Тоҷикистон касе намедонад, ки ба вақти кории аз меъёр зиёд, кор дар рӯзҳои иду истироҳат чӣ тарз маблағ пардохта мешавад», – гуфт Шабдолов.

Дар посух ба ин суоли Шабдолов муаллифи пешниҳоди тағйироту иловаҳо посух дод, ки дар Кодекси меҳнат маблағи пардохти кори аз меъёр зиёд, кор дар рӯзҳои иду истироҳат дар ҳаҷми ду баробар муқаррар шудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...