Дар шаҳри Маскав сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сафиаллоҳ Девонаев бо мақомоти раҳбарии ниҳодҳои интизомии шаҳру вилояти Маскав дидору гуфтушунид кард.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти намояндагии ХМ ҶТ дар Русия, зимни мулоқот бо додситони шаҳри Маскав Сергей Куденеев масоили марбут ба вазъи кунунии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони корӣ баррасӣ шуда, ба мушкилоти вобаста ба иҷрои қарордодҳои меҳнатӣ ва далелҳои пардохт накардани музди меҳнат ба муҳоҷирон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд.
Додситони шаҳри Маскав изҳор кард, ки мақомоти додситонӣ дар ин самт вазифаҳои ба ӯҳдаашон гузоштаро иҷро мекунанд ва омодаанд, ки ба ҳамаи далелҳои сабтшуда бобати нақзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кории тоҷик расидагӣ намоянд.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Куденеев иброз кард, ки ба муҳоҷирати корӣ омадани шаҳрвандони дорои сатҳи зарурии касбӣ, донандаи хуби забони русӣ ва талаботи асосии қонунгузории Русия мувофиқи мақсад аст.
«Барои бештар мӯътадил ва бидуни мухолифат гузаштани раванди мутобиқгардонии муҳоҷирон, онҳо бояд аз расму оин ва анъанаҳои миллии мардуми рус маълумоти кофӣ дошта бошанд», – гуфт вай.
С.Девонаев додситони Маскавро аз тадбирҳои андешида дар ин самт ва чораҳои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ огоҳ сохта, ҷонибҳо перомуни муҳим будани кӯшишҳои муштарак дар ин самт ба мувофиқа расиданд.
С.Девонаев ҳамчунин бо мақомоти раҳбарии Сарраёсати ВКД Федератсии Россия дар вилояти Маскав низ мулоқот кард. Дар гуфтушуниди мазкур низ масоили ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони кории тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.