spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Марзбонони тоҷик иттиллои шикоят аз мушовирони русиягиро рад карданд


Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилооти чанде аз ВАО-и Русия дар бораи он, ки гӯё фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Шералӣ Мирзоев аз мушовирони Русия оид ба масоили сарҳадӣ изҳори норозигӣ баён карда бошад, рад месозад.

Ба иттилои ВАО-и Русия, Ш.Мирзоев дар ин хусус гӯё зимни машварат бо афсарони нерӯҳои марзбонӣ дар Хоруғ изҳори назар карда бошад.

Тавре дар иттилоот зикр мегардад, геерали тоҷик гӯё гуфта бошад, ки мушовирони русиягӣ оид ба масоили сарҳадӣ, ки тибқи созишномаи дуҷониба дар Тоҷикистон қарор доранд, вазифаҳои мустақими худро иҷро накарда, пайи ҷамъоварии маълумоти махфианд.

Дар изҳороти имрӯз интишоргардидаи маркази матбуоти нерӯҳои марзбонӣ ин иттилоъ иғовгарӣ номида шуда, зикр мегардад, ки он ҳеҷ асоси воқеӣ надорад.

«Аввалан, дар раёсати минтақавии Хоруғ ягон машварате доир нашудааст, ки дар он Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии ҶТ сухан карда тавонад. Сониян, тирамоҳи соли равон дар ҷараёни ташрифи Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон байни Тоҷикистон ва Русия Созишномаи ҳамкорӣ оид ба масоили сарҳадӣ ва як қатор протоколҳои байниидоравӣ имзо шуда буданд, ки асосу шакли нави муносибатҳои мутақобила аз рӯи масоили сарҳадиро муайян мекунанд. Ғайр аз ин, мувофиқи Созишномаи нав дар Гурӯҳи ҳамкории сарҳадии ХФА ФР дар ҶТ дастгоҳи машваратӣ барҳам дода шудааст. Ҳоло дар он афсароне хидмат мекунанд, ки ба ҳайси мушовирону омӯзгорони Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ ҷалб шуда ва ба хати сарҳад намераванд», – омадааст дар иттиллои  маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии ҶТ.

Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ тасдиқ месозад, ки ҳеҷ яке аз делелҳои дар ВАО зикршуда асоси воқеӣ надоранд.

Қобили зикр аст, ки масофаи марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон беш аз 1340 километрро ташкил медиҳад. То соли 2005 ин қитъаи марзи давлатии Тоҷикистонро сарҳадбонони Русия нигаҳбонӣ мекарданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...