spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Президент Осорхонаи нави геологии Тоҷикистонро боз намуд


Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи нави геологии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, бо намояндагони сершумори соҳаи геологияи тоҷик ва масъулони сатҳи давлату ҳукумат мулоқоти озоду ошкоро доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, субҳи имрўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи навбунёди геологии Тоҷикистон, ки баъди навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ба истифода омода гашта буд, ташриф оварда, онро ифтитоҳ намуд.

 Зимни боздид аз осорхона, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо намунаҳои беш аз 4,5 ҳазор навъи сарватҳои табиии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар ин ҷо намунаҳои сангҳои гаронбаҳо, аз қабили зумуррад, ёқут, лаъл, фирўза, сангҳои нимгаронбаҳо, металҳои рангаи гаронбаҳо, металҳои сиёҳ, сангҳои ороишию сохтмонӣ, ашёи хоми саноатӣ, масолеҳи бинокорӣ, маводи сўхт аз қабили ангишт, сангҳои варақии сўзанда ва дигар сарватҳо пешкаш гардидаанд.

Дар ин осорхона, ҳамчунин 25 намуд минералҳои нав пешниҳод гардидаанд, ки аз ҷониби олимони геологи Тоҷикистон, асосан дар замони истиқлолияти давлатӣ кашф шуда, ба таснифи байналмилалӣ шомил гардидаанд ва ин минералҳо танҳо дар сарзамини кишвари мо во мехўранд.

Тавре аён гардид, Тоҷикистон бо конҳои бешумор аз сарватҳои табиӣ худ ба як осорхонаи азими табиии геологӣ монанд аст.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам зебою дилкаш ва ба мақсад мувофиқ намудани осорхона маслиҳатҳои муфид дод. Аз ҷумла таъкид гардид, харитаи геологии Тоҷикистон аз нав бо нишон додани тамоми конҳои сарватҳои табиӣ таҳия карда шавад, то ки сайёҳону сармоягузорони дохилию хориҷӣ, олимону омўзгорон, донишҷўён ва дигар шавқмандон дар бораи сарватҳо ва конҳои онҳо маълумоти мушаххас гирифта тавонанд.

Сипас Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба Кохи ҷавонони пойтахт ташриф оварда, дар толори бузурги он бо зиёда аз 400 нафар масъулону мутахассисон ва донишҷўёни ин соҳа мулоқоти тўлонии озоду ошкоро доир намуд.  

Зимни суханронӣ ва посух ба суолу дархостҳои сершумори аҳли толор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба корҳои геологӣ-ҷустуҷўӣ, иктишофу истихроҷ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми ватанӣ, коркарди саноатии сарватҳои табиӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, тарбияи кадрҳои ҷавони соҳа ва бештар намудани шуҳрати ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи геология супоришҳои мушаххас дод.

Ба масъулини дахлдор дастур дода шуд, қоидаҳои тартиб додани санадҳои  ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷиро ба низом дароварда, манфиатҳои давлатии Тоҷикистон ва мардуми кишварро дар мадди аввал гузоранд.

 Ба роҳбарияти Вазорати маориф, муассисаҳои олии таълимӣ ва пажўҳишгоҳҳои илмии соҳа дастур дода шуд, ки барои таълиму тарбияи босифати кадрҳои ҷавон техникаю таҷҳизоти муосир ворид намуда, аз тамоми имкону захираҳо истифода намоянд. ҳамчунин ба корхонаҳои истеҳсолии соҳаҳои гелогия ва саноату энергетика дастур дода шуд, ки барои таҷрибаомўзии донишҷўёну олимони ҷавон ҳамаи шароити заруриро муҳайё созанд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ба ифтихори ифтитоҳи Осорхонаи геологии Тоҷикистон ва такони тоза пайдо намудани корҳо дар ин соҳа имрўз 9 декабр Рўзи геологҳои тоҷик, иди касбии онҳо эълон карда шавад. Пешниҳод бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...