Дар зарфи 11 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 18,3% зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 1,7 млрд. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 101 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 91 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.
Дар давраи сипаришудаи соли равон ҳаҷми содироти мол 1 млрд. 153 млн. $-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 8,8% ё худ ба миқдори 93 млн. $ бештар мебошад.
Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 2 млрд. 880 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 22,6% ё худ 531 млн. $ бештар аст.
Дар зарфи 11 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми содироти нахи пахта ба миқдори 1,1%, маҳсулоти минералӣ – 3,1 баробар ва металлҳои қимматбаҳо – 2,4 баробар афзуданд.
Аз оғози сол ҳаҷми содироти маснӯъоти текстилӣ ба андозаи 30 %, маҳсулоти ғизойӣ – 41%, маҳсулоти дорои таркиби рустанӣ – 30% ва маҳсулоти минералӣ – 12,1% зиёд шуданд.