Шаби 20 ба 21-уми декабри соли равон, тақрибан соати 2 дар ҳудуди деҳаи котеҷии Морскойи ноҳияи Совети шаҳри Новосибирск ду шахси номаълум хоначаи чӯбинеро оташ заданд, ки дар он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхайров Аскарҷон Раҳимҷоновичи 29-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд иқомат мекард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия хабар доданд, дар натиҷаи сӯхтори сарзада шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид.
«Оид ба ин ҳодиса дар прокуратураи ноҳияи Совети шаҳри Новосибирск парвандаи ҷиноӣ боз шуда, аз шумораи истиқоматкунандагони маҳаллӣ ду нафар гумонбаршудагон боздошт шуданд», – гуфт манбаъ.
Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилии ҶТ, чанде қабл ҷасади А.Абдулхайров ба ватан оварда шуда, дар деҳаи Сорои ноҳияи Панҷакент ба хок супурда шуд. Дар вазорат ҳамчунин зикр карданд, ки Абдулхайров ба муҳоҷирати корӣ 7-уми декабри ҳамин сол рафтааст.