Дар зарфи 11 моҳи соли равон дар Тоҷикистон тавассути тамоми воситаҳои нақлиёт ҳудуди 57 млн. тонна бору маҳсулот ҳамлу нақл шудааст, ки дар муқоиса ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,4% зиёд аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар ҳамлу нақли бори ҷумҳурӣ саҳми нақлиёти заминӣ (автомобилӣ) хеле назаррас буда, вазни хоси он қариб 100% аз ҳаҷми ҳамлу нақл тариқи тамоми васоити нақлиётро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар давраи моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ беш аз 48,2 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 4% бештар аст.
Ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан беш аз 8,4 млн. тонна бор ҳамлу нақл шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 88,7%-ро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, ба ҳиссаи нақлиёти автомобилӣ 85,1% аз ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор тавассути ҳамаи навъи нақлиёт рост меояд.