Чанде қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоеро, ки аз ҷониби палатаи поёнии парлумон тасдиқ ва дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар дастгирӣ шудааст, ба имзо расонид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, президент қонунҳоеро аз қабили «Дар бораи консесияҳо», «Дар бораи ташхиси экологӣ», тағйирот ба қонунҳо «Дар бораи мубориза бо коррупсия», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи аслиҳа» ва тағйирот ба Кодекси гумруки Тоҷикистонро ба тасвиб расонидааст.
Ҳамаи қонунҳои баимзорасида аз тарафи президент пас аз нашри онҳо дар матбуоти расмӣ мавриди амал қарор мегиранд.