Собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов, ки рӯзи 18-уми декабр ба сифати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд, дар иҷлосияи имрӯза ба ҳайати Кумитаи умури байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот шомил гардид.
Ғайр аз ин, бо пешниҳоди раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров, намояндаи мардумӣ Убайдулло Давлатов раиси Кумитаи МН МО ҶТ оид ба сохтмон ва худидоракунии маҳаллӣ интихоб карда шуд. Қаблан ин вазифа ба дӯши вакили марҳум Сафаралӣ Раҷабов, ки рӯзи 6-уми октябри соли равон аз олам даргузашт, вогузор гардида буд.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натоиҷи интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3-и шаҳри Душанбе номзади Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов пирӯз гардид.
Дар интихобот 88%-и интихобкунандагон иштирок карда, ба ҷонибдории С.Шарифов 78,82% раъй доданд. Рақибони ӯ раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ба 5,97, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ғайриҳизбӣ Абдуқаҳҳор Турсунов ба 5,68, намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, тоҷир Сӯҳроб Оймаҳмадов ба 6,11%-и раъйи интихобкунандагон соҳиб шуда буданд.