Зимни сафари якрӯзаи кории вазири мудофиаи Фаронса Жерар Лонг ба шаҳри Душанбе ва мулоқоти ӯ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев масоили ноил гардидан ба сулҳу субот дар Афғонистон ва вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, Ш.Хайруллоев ба ҳамтои фаронсавии худ барои дастгирии вазорат дар бахши табодули фаврии маълумот, омодасозии кадрҳо, баргузор кардани тамринҳои низомии муштарак миннатдорӣ намуда, изхори боварӣ кард, ки чунин тамоил минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Ба гуфтаи Маҳмадалиев, вазири мудофиаи Фаронса аз қароргоҳи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Фаронса дар шаҳри Душанбе низ боздид кард. Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Фаронса дар шаҳри Душанбе ба эътилофи низомӣ дар Афғонистон кумаки техникӣ мерасонанд.