Дар арафаи Соли нав дар шаҳри Ногински вилояти Маскави Русия шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи деҳаи Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Раҳмон Тошматови 24-сола кушта шуд.
Ӯ аз дасти ҳамдиёри худ Шералӣ Абдураимови 26-сола, ки дар манзили иҷора бо ҳам иқомат доштанд, ба қатл расонида шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, Р.Тошматов бар асари ҷароҳат бардоштани мағзи сараш ба ҳалокат расидааст. Бо қарори суди шаҳри Ногинск гумонбаршуда Шералӣ Абдураимов ба ҳабс гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 29-уми декабр ба намояндагӣ боз як ҳамдиёри фавтида – Манучеҳр Собиров муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки дар интиқоли ҷасади марҳум ба ватан мусоидат намоянд.
«Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар барасмиятдарории тартиботи интиқоли ҷасад, дастрас кардани билети ҳавопаймо ба хоҳари марҳум Парвина Қодирова ҷиҳати ҳамроҳӣ кардани тобут ба ватан мусоидат намуд», – таъкид кард манбаъ.