Шурӯъ аз 1-уми январи соли 2011 Ӯзбекистон тарофаҳои боркашонии роҳи оҳан барои Тоҷикистонро 32% боло бурд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд, аз ҳисоби боло бурдани тарофаҳо ба ин андоза Ӯзбекистон ҳамасола 70 млн. доллари ИМА даромади иловагӣ ба даст хоҳад овард.
«Мо аз ҳамтоҳои ӯзбеки худ дархост кардем, ки тарофаҳо дар сатҳи моҳи декабри соли гузашта боқӣ монда шаванд, вале посухи мусбат нагирифтем», – гуфтанд дар корхонаи мазкур.
Аммо сарфи назар аз болоравии тарофаҳои транзитӣ, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» алҳол тарофаҳои худ барои боркашониро боло бурданӣ нест.
«Бо мақсади роҳ надодан ба болоравии нархҳо дар бозори дохилӣ, ин хароҷоти иловагиро мо аз ҳисоби худ пардохт хоҳем намуд», – гуфтанд дар ширкат.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон низ тарофаҳои боркашонии роҳи оҳан барои Ӯзбекистон дар қисмати роҳи оҳани вилояти Суғдро ба андозаи 32% боло мебарад.
Бино ба маълумоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», масофаи роҳи оҳан дар қаламрави Ӯзбекистон, ки тавассути он транзити молу маҳсулоти Тоҷикистон сурат мегирад, 1,7 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Масофаи транзити борҳои Ӯзбекистон тариқи роҳи оҳани Тоҷикистон бошад, ҳамагӣ ба 109 километр баробар аст.
Дар ширкат зикр карданд, ки то ҳол, қисмати роҳи оҳани вилояти Хатлони Тоҷикистон аз ҳамлу нақли бор бо хориҷи кишвар маҳрум аст.
«Масъалаи барқарор намудани қисмати роҳи оҳан дар мавзеи Амузанг-Ғалаба то ҳанӯз кушода боқӣ мемонад, – гуфт манбаъ. – Ҳамтоҳои ӯзбеки мо эътироф карданд, ки агар Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон иҷозат диҳад, ин қисмати роҳро онҳо метавонанд дар муддати 2 шабонарӯз барқарор намоянд».
Бино ба маълумоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», айни замон дар қаламрави Ӯзбекистон беш аз 300 вагонҳои молу маҳсулоти барои Тоҷикистон таъиншуда боздошта шудаанд.