Рӯзи 3-юми январи соли равон кормандони мақомоти интизомии ҷумҳурӣ дар макони даргириҳои ҷангии солҳои гузашта дар Тавилдара пинҳонгоҳи бузурги аслиҳаро дарёфт карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми азназаргузаронии мавзеи Шур як пинҳонгоҳи аслиҳа ошкор гардида, аз он автомати Калашников, 2 норинҷаки дастии РГД-5, 25 дона тирҳои қутри 7,62 мм, 20 дона тирҳои қутри 5,45 мм, воситаҳои алоқа, 2 адад детонатор (тарконанда) ва дигар таҷҳизоту муҳимоти ҳарбӣ дарёфт шудааст. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷинойӣ боз шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли 2011 аз истифода ва муомилоти ғайриқонунӣ 824 адад аслиҳаи оташфишон, аз ҷумла 205 адад автомати Калашников, 154 таппонча, 166 адад яроқи суфтамил, 71 адад норинҷакафкан, 636 адад дигар навъҳои аслиҳа ва дастгоҳҳои тарканда дарёфт ва мусодира карда шуданд. Шурӯъ аз соли 1994 шумори аслиҳаи мусодирашуда зиёда аз 33 ҳазор ададро ташкил медиҳад.