Айни замон фурудгоҳи шаҳри Душанбе бо реҷаи муқаррарӣ ба фаъолият пардохт. Ҳамаи ҳавопаймоҳои хатсайрҳо, ки парвозашон субҳи имрӯз бинобар сабаби боришоти шадиди барф ба таъхир гузошта шуда буд, айни замон ба парвоз омодаанд.
Ғайр аз ин, акнун фурудгоҳ метавонад ҳавопаймоҳои чаҳор хатсайрро, ки субҳи имрӯз ба майдони ҳавоии шаҳри Душанбе бинобар биноии нокофӣ фуруд омада натавонистанд, қабул намояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» хабар доданд, ҳавопаймоҳои хатсайрҳои фурудгоҳи Внуковои Маскав-Душанбе ва Екатеринбург-Душанбе ба шаҳри Тошканд ва ҳавопаймоҳои хатсайри фурудгоҳи Домодедово Маскав-Душанбе ва Дубай-Душанбе ба фурудгоҳи Хуҷанд фиристода шуда буданд. Дар фурсати наздиктарин онҳо ба майдони ҳавоии шаҳри Душанбе фуруд хоҳанд омад.