Дар музофоти Бадахшони Афғонистон, ки начандон дуртар аз марзи Тоҷикистону Чин ҷойгир аст, барфи зиёде борид, ки баландиаш то 3 метр мерасад.Хабаргузории «Казинформ» менависад, бино ба маълумоти ҳокимияти маҳаллӣ, бар асари ин ҳодиса дастикам 16 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Мақомоти маҳаллии ҳокимият аллакай ҷиҳати ба онҳо бештар расонидани маводи ғизоиву доруворӣ ва сарулибос муроҷита кардаанд. Ҳамчунин барои тоза кардани роҳҳо аз барф булдозерҳо заруранд.
Бино ба маълумоти Би-Би-Сӣ, дар деҳаи Ишкоошим, ки дар минтақаи шимолу шарқи Афғонистон воқеъ аст, наҷотдиҳандагон бо оқибатҳои фаромадани тарма дар ин деҳаи дурдасти кӯҳистон мубориза доранд. Шумори талафоти ҷонӣ бар асари ин офати табиӣ то ҳанӯз маълум нест.