Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасманд ва рӯҳбаланд кардани андозсупорандагон, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо соли сеюм аст, ки озмуни андозсупорандаи беҳтарини солро гузаронида, беҳтарин андозсупорандаи солро интихоб ва ба мардуми кишвар муаррифӣ менамояд.
Тавре аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, бо ин мақсад дар Кумитаи андоз аз ҳайати роҳбарикунандаи он Комиссияи босалоҳият тасдиқ карда шудааст. Барои боадолатона ва воқеъбинона интихоб намудани беҳтарин андозсупорандаи сол 9 меъёр муқаррар шуда, бо фармони дахлдор тасдиқ гардидааст.
Мақомоти ҳудудии андоз номгӯи довталабонро ба Комиссия пешниҳод карданд ва Комиссия аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда аз миёни довталабон беҳтаринҳоро интихоб намуданд.
Дар маҷмӯъ меъёрҳо аз чунин нишондиҳандаҳо иборатанд, ҳиссаи андозҳои пардохташуда дар ҳаҷми даромади умумии андозсупоранда, дар мӯҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намудани эъломияҳо ва сифати пур кардани онҳо, дуруст ҳисоб кардан ва сари вақт пардохт намудани андозҳо, нисбат ба соли пешин зиёд намудани ҳаҷми маблағи андозҳо, роҳ надодан ба қонунвайронкунии андоз ва ғайраҳо.
Ба ҳамин тариқ Комиссияи Кумитаи андоз пешниҳоди мақомоти ҳудудии андозро ҳаматарафа омӯхта, дар соли 2011 андозсупорандагони зеринро ба унвони андозсупорандаи беҳтарин дар соли 2011 сазовор донистанд:
Соҳибкори инфиродӣ Махсумова Гулчеҳра Давлатовна аз ноҳияи Рӯдакӣ
Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Агентии алоқаи ҳавоӣ» аз ноҳияи Шоҳмансур
Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Фононбонк» аз ноҳияи Шоҳмансур
Ҷамъияти Саҳҳомии Пӯшидаи «Индиго Тоҷикистон» аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Корхонаи Муштараки Масъулияташ Маҳдуди «Апрелёвка» аз шаҳри Қайроққум.
Ҳамзамон аз рӯи натиҷаи фаъолияти мақомоти андоз дар соли 2011 Нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат, Нозироти андоз дар шаҳри Кӯлоб ва Нозироти андоз дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун нозиротҳои андози беҳтарин ҳисобида шуданд.
Ҳадаф аз ташкили чунин озмунҳо қадршиносӣ доштан ба фаъолияти самараноки андозсупорандагон ва кормандони мақомоти андоз буда, барои ба вуҷуд овардани рақобати солим ва ҳавасмандгардонии онҳо нақши назаррас хоҳад гузошт.