spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Густариши ҳузури чиноиҳо дар бахши кишоварзии Тоҷикистон


Сармоягузорони Чин минбаъд низ ният доранд, ки дар бахши кишоварзии Тоҷикистон ҳузури худро густариш бахшанд.

Зимни нишасти хабарӣ сардори хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Дадабоев изҳор кард, ки айни замон ҷиҳати ба шаҳрвандони Чин дар ноҳияи Ёвон ҷудо кардани 200 гектар замин гуфтушунид идома дорад. «Ин заминҳо бар асари сатҳи баланди обҳои зеризаминӣ барои кишти зироатҳо коршоям нестанд ва барои киштукор истифода намешаванд», – гуфт вай.

Дадабоев таъкид кард, ки моҳи декабри соли гузашта ба ширкати «Син Сзян»-и Чин дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ 412 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, мувофиқи шартномаи дарозмуҳлати баимзорасида, ин ширкат барои ба ҳолати коршоям овардани ин заминҳо 2 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ хоҳад кард.

«Қаблан соли 2010 ба ширкати дигари чиноии «Хайли» аз ҳисоби заминҳое, ки кишоварзони тоҷик истифода намебурданд, ҷиҳати парвариши шолӣ 50 гектар қитъаи замин ҷудо карда шуд ва соли гузашта чиноиҳо аз ҳар як гектари ин қитъаи замин 50 сентнерӣ ҳосили шолӣ ба даст оварданд, – мегӯяд вай. – Ҳосили ҷамъоварда аз ин қитъаи заминҳо ба таври истисноӣ барои истеъмоли дохили кишвар пешбинӣ шудааст, зеро арзиши биринҷ дар Чин нисбат ба Тоҷикистон 30% поинтар аст. Аз ин рӯ, сармоягузорони Чин танҳо бо назардошти имконоти бозори дохилӣ фаъолият доранд».

Дадабоев бар ин назар аст, ки иштироки сармоягузорони хориҷӣ ба рушди бахши кишоварзии ҷумҳурӣ такону пешравии мусбат хоҳад бахшид. «Минбаъд дар яке аз минтақаҳои Тоҷикистон бо иштироки сармояи Чин бунёди корхонаи коркарди тухмии хушсифати пунбадона дар назар аст, ки ҳосилнокиаш метавонад то 80 сентнер аз як гектар бошад», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон нишондиҳандаи рекордии ҳосилнокии пахта 20,5 сентнер аз як гектар аст, ки кишоварзони ҷумҳурӣ ба он соли гузашта муваффақ гардида буданд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...