Таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот, ки минбаъд Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистону Эронро ба ҳам мепайвандад, бояд моҳи майи соли равон ба анҷом расад, – гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов.
Ба гуфтаи вай, айни замон мутахассисони ширкати «Метро» (Эрон) ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодӣ машғул буда, ҳамроҳ бо мутахассисони тоҷик қитъаҳои роҳи оҳани пешбинишударо таҳқиқ менамоянд. «Тамоми асноди зарурӣ бояд моҳи май пешниҳод гардида, сипас муайян карда хоҳад шуд, ки хароҷоти маблағи пулӣ дар ин қитъаи роҳ ба чӣ миқдор баробар аст», – гуфт ӯ.
Собкалов гуфт, корҳои таҳияи асноди тарҳи фанниву иқтисодии қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳиротро Эрон маблағгузорӣ менамояд. Ёдрас мекунем, ки Эрон барои иҷрои ин корҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА кӯмаки бебозгашт расонид.
Баъдтар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва ширкати эронии «Метро» дар бораи таҳияи лоиҳа асноди зарурӣ ба имзо расонида, он аз ҷонби палатаи поёнии парлумони кишвар тасдиқ гардид.
Масофаи қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот 392 километрро ташкил медиҳад. Қитъаи Ваҳдат-Қарамиқ (марзи Қирғизистон), ки 270 километрро ташкил медиҳад, мушкилтарин мавзеъ арзёбӣ мешавад.
Бо назардошти релефи маҳалли мазкур барои сохтмони як километри роҳи оҳан дар ин қитъа аз 8 то 10 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Ҳамчунин сохтмони 16 километр нақбҳо ва 47 пул низ пешбинӣ мешавад.