Соли гузашта дар муассисаҳои ислоҳотии Тоҷикистон далелҳои истифодаи шиканҷа ба қайд гирифта нашудааст ва дар ин хусус маълумоти расмӣ вуҷуд надорад, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки «барои беҳбуди шароити будубоши боздоштшудагону маҳбусон тамоми чораҳо андешида мешаванд. «Соли гузашта дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи шароитҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон» мавриди амал қарор гирифта, дар чаҳорчӯби Барномаи беҳтар кардани заминаи моддиву техникии муассисаҳои ислоҳотӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб ва Хоруғ якчанд тавқифгоҳҳои муваққатӣ сохта шуданд», – гуфт вай.
Ба қавли вазири адлия, соли сипаригашта намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва намояндагиҳои дипломатӣ аз муассисаҳои пӯшидаи ҷумҳурӣ боздид карданд ва сипас ҳисоботу андешаҳои онҳо дар васоити ахбори умум ба нашр расиданд.
Дар ҳамин ҳол, дар мавриди рафтори бераҳмона дар муассисаҳои ислоҳотии ҷумҳурӣ метавон аз қазияи марги маҳбуси 32-сола Исмоил Бачаҷонов мисол овард. Додгоҳ реҷаи адои ҷазо дар зиндони низомаш шадиди ӯро ба маҳбас иваз намуд. Ҳангоми ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса Бачаҷонов ба боздоштгоҳи татфишотӣ оварда шуда, сипас ба камераи маҳбас фиристодани ӯ пешбинӣ гардида буд, вале баъди чанде зимни интиқол аз боздоштгоҳ ба Маркази тиббии Вазорати адлия ӯ ҳалок шуд.
Прокуратураи генералӣ аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз намуда, дар ҷараёни тафтишот ошкор гардид, ки дар марги маҳбус якчанд нафар кормандони боздоштгоҳ даст доранд.
Моҳи сентябри соли гузашта нисбат ба се нафар кормандони боздоштгоҳ ба иттиҳоми айбдорӣ дар содир намудани амалҳое, ки ба марги маҳбус оварда расониданд, ҳукм содир шуд.