spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

«Пулҳои Роғун» 25 млн. сомонӣ даромад оварданд


Маблағҳои пулии ҶСК «НОБ-и Роғун», ки дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ҷойгир карда шуда буданд, дар ҳаҷми 25 млн сомонӣ фоида оварданд.

Зимни нишасти хабарӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки талабот ба ин воситаҳо ба ҳаҷми маблағи пулии зарурӣ барои иҷрои корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» вобаста аст.

«Аз ҷониби ҶСК «НОБ Роғун» ҳисобу китоби иҷрои корҳои насбу сохтмон ва харидани таҷҳизот аллакай пешниҳод гардида, он мавриди баррасӣ қарор дорад. Соли равон барои иҷрои корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳ 1,1 млрд. сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Бо истифода аз ин маблағ ҳамчунин кӯчонидани аҳолӣ аз макони обанбори ояндаи нерӯгоҳ низ ба нақша гирифта шудааст», – зикр кард вазир.

Наҷмиддинов мутмаин аст, ки бонкҳои тиҷоратӣ дар муҳлати муайяншуда, яъне нимаи моҳи феврали соли равон ба баргардонидани воситаҳои гирифтаашон аз ҳисоби маблағҳои ҶСК «НОБ Роғун» омодаанд. «Ба бонкҳо дар ин хусус огоҳиномаи дахлдор ирсол гардид ва онҳо ба баргардонидани маблағ бояд омода бошанд. Ман фикр мекунам, ки дар ин масъала мушкилоте пайдо нахоҳад шуд», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2010 маблағҳои пулии ҶСК «НОБ Роғун» дар ҳаҷми 157 млн. сомонӣ ба муҳлати як сол ба суратҳисобҳои депозитии панҷ бонки ҷумҳурӣ гузошта шуданд.

Маблағи аз ин ҳисоб гирифтаи бонкҳо ба тариқи зайл буд: ҶСК «Агроиннвестбонк» – 118,2 млн., «Тоҷиксодиротбонк» – 20,3 млн., «Бонки рушди Тоҷикистон» – 2,8 млн., «Тоҷпромбонк» – 11,1 млн. ва «Фонон Бонк» – 5 млн. сомонӣ.

Қобили зикр аст, ки ин маблағ бояд моҳи августи соли 2011 баргардонида мешуд, вале бо дархости бонкҳо ва қарори Шӯрои нозирони ҶСК «НОБ Роғун» муҳлат суратҳисобҳои депозитӣ то 16-уми феврали соли 2012 дароз карда шуда, ғайр аз ин, дархости се бонк   перомуни ҷудо кардани маблағи иловагӣ аз хисоби «пулҳои Роғун» дар ҳаҷми 80 млн. сомонӣ қонеъ гардонида шуд. Аз ин ҳисоб ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ҳар кадоме 30 млн. сомонӣ ва БДА «Амонатбонк» барои дастгирии пардохтпазирӣ 20 млн. сомонӣ маблағ гирифтанд.

Ҳамин тариқ, имрӯз дар суратҳисобҳои депозитии шаш бонки Тоҷикистон 237 млн. сомонӣ (49,8 млн. $) аз маблағҳои ҶСК «НОБ Роғун» ҷойгир карда шудаанд.  

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...