Ба санаи 1-уми январи соли равон дар Тоҷикистон 58 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1,86 млрд доллари ИМА мавриди татбиқ қарор доранд.
Муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Шӯҳратҷон Раҳматбоев мегӯяд, ин лоиҳаҳо 12 бахши иқтисодро фаро гирифта, аз 20 сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешаванд.
«Барои амалисозии лоиҳаҳои зикршуда 57,34%-и захираҳои қарзӣ, 32,68%-и воситаҳои бурсӣ масраф гардида, ҳиссаи ҳукумати ҷумҳурӣ 7,85% ва воситаҳои ҷудогардида аз ҷониби ширкатҳои давлативу хусусӣ 2,13%-ро ташкил медиҳад», – гуфт вай.
Ба қавли ӯ, танҳо дар соли гузашта барои амалисозии 18 лоиҳаҳо дар Тоҷикистон ба сифати сармоягузорӣ 1,6 млрд. сомонӣ маблағ ҷалб гардид, ки 1,3 млрд. сомонии онро воситаҳои бурсӣ ташкил медиҳанд. «Аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷети давлат 27,6 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбати нақшаи пешбинишуда 2,6 млн. зиёд ё 110,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад», – иброз дошт номбурда.
«Хурсандиовар аст, ки сол аз сол саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш мениҳад. Мувофиқи омори расмӣ, то моҳи декабри соли 2011 дар миқёси ҷумҳурӣ 215ҳазору 78 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2010 – 61041 ё худ 39,6 фоиз зиёд мебошад», – афзуд Ш.Раҳматбоев.