spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Суғд: Боздошти гумонбаршуда ба терроризм


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ гумонбаршуда ба узвият дар гурӯҳи ҷиноятпеша боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл зимни санҷиши маълумоти фаврӣ дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳ сокини 46-солаи ҷамоати Оббурдон Г.Ф. боздошт шудааст.

Муайян карда шудааст, ки Г.Ф. бо пешниҳод ва супориши ҳамдиёрон Н.Т.-43-сола ва Ё.Н.-и 57-сола, ки барои куштор ва ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша таҳти пайгарди қонунӣ қарор дорад, аввали моҳи октябри соли 1994 бо мақсади азхуд кардани улуми динӣ ва омӯзиши махсуси ҷосусӣ бо истифода аз шиносномаи шаҳрванди Эрон ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ рафтааст.

Пас аз таълими 7-моҳа Г.Ф. бо мақсади содир намудани як қатор амалҳои террористӣ ба ватан баргаштааст. «Аз рӯйи ин далел прокуратураи низомии Тоҷикистон нисбат ба Г.Ф. мутобиқи моддаи 187, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, он ба парвандаи ҷиноии дар соли 2002 бозшуда ҳамроҳ карда шуд ва тафтишот идома дорад», – гуфт манбаъ.

Ба итилои манбаъ, ба парвандаи асосӣ ҳамчунин боз ду парвандаи дигар – куштори ду нафар сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Чкаловск бо истифода аз таппончаи Макаров дар соли 1994 ва қатли ду тан аз сокинони шаҳри Хуҷанд бо истифода аз автомати Калашников дар соли 1995 низ ҳамроҳ карда шуданд. Ҳамаи ин кушторҳо бо фармоиши ҳамон шахсон – Н.Т. ва Ё.Н. ба иҷро расонида шудаанд.

Бино ба маълумоти мақомоти прокуратураи вилояти Суғд, соли 2011 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 135 нафар аъзои фаъоли созмонҳои динии ифротгароӣ ошкор карда шуданд. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...