Моҳҳои ноябр-декабри соли 2011 ба иллати садама дар қаламрави Ӯзбекистон ва баста шудани қитъаи роҳи оҳани Хатлон буҷети ҷумҳурӣ ҳадди ақалл аз воридоти 14, 3 млн. сомонӣ аз Хадамоти гумруки минтақаи Кӯлоб маҳрум шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Хадамоти гумруки минтакаи Кӯлоб Ҷумъахон Раҷабов хабар дод, ин маблағ метавонист зиёдтар бошад, зеро рақами нишондодашуда танҳо тибқи фармоишти пешакии гузаштани бор тавассути ду гузаргоҳи гумрукии минтақа – Қурбон-шаҳид ва Кӯлоб ҳисоб карда шудаанд.
Ба гуфтаи Раҷабов, соли гузашта кормандони хадамоти гумруки минтақаи Кӯлоб ба буҷети ҷумҳурӣ 29 млн. 195 ҳазор сомонӣ маблағ ворид намудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта 10 млн. сомонӣ зиёдтар аст.
Дар маҷмӯъ гумрукчиёни Кӯлоб ба густариши фаъолият ва ҳарчи бештар фаро гирифтани минтақаи назорат кӯшиш ба харҷ медиҳанд. «Бо мавриди истифода қарор гирифтани пули автомобилгард миёни деҳаи Шоҳони ноҳияи Шӯрообод ва рустои Хоҳони Афғонистон дар Хадамот гумруки минтақаи Кӯлоб боз як гузаргоҳ ташкил карда мешавад ва мо ба он қаблан омодагӣ мегирем», – афзуд Ҷ.Раҷабов.