spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Р.Назаров: Ҳамаи гурӯҳҳои нашъаҷаллоб «сарпаноҳ» доранд


Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров изҳор кард, ки айни замон 15 гурӯҳҳои фаъоли машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир таҳти ҷустуҷӯи фаврии агентӣ қарор доранд.

Ба гуфтаи ӯ, дар тамоми гурӯҳҳои ҷиноятпешае, ки таҳти ҷустуҷӯи агентӣ қарор доранд, намояндагони макомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳузур дошта, аз онҳо пуштибонӣ мекунанд. Онҳо ба сифати «сарпаноҳ»-и гурӯҳҳои ҷиноятпеша хизмат мекунанд.

Ба андешаи директори агентӣ, яке аз сабабҳои ҳузури намояндагони мақомоти қудратӣ дар гурӯҳҳои ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб беҳбуди вазъи некӯаҳволиашон аст. «Афсароне, ки дар ин амал даст доранд, виҷдону номуси афсарӣ надоранд», – гуфт вай ва илова кард, ки ин падида умумӣ набуда, танҳо дар ҳолатҳои ҷудогона ба мушоҳида мерасад.

Р.Назаров амалиёти доиргардида аз ҷониби Агентии зиддифасод бобати қатъи фаъолияти гурӯҳҳои ммашғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро, ки дар ҳайати онҳо афсарони баландрутбаи мақомоти қудратӣ низ ҳузур доштанд, мусбат арзёбӣ намуд. «Амалиёт дар сатҳи касбии хуб ва моҳиронаву бо кордонӣ гузаронида шуд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки як рӯз қабл директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов маълумот дар хусуси боздошти Фаридун Умаров, бародари муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Фаридун Умаровро расман тасдиқ кард. Ф.Саидов гуфт, Фаридун Умаров ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад.

Ба гуфтаи Ф.Саидов, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШКД-и ноҳияи Фархор Фаридун Умаров ба ҳайати гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ҳафтаи гузашта ба фаъолияташон дар ин ноҳия хотима бахшида шуд, шомил буд. Ба ҳайати гурӯҳ ҳамчунин дигар афсарони баландрутбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони қаторӣ низ шомиланд.

«Айни замон Фаридун Умаров ба ҳабс гирифта шуда, айбнома ба ӯ алҳол пешниҳод нашудааст», – гуфта буд Саидов ва илова кард, ки «бародар барои амали бародари худ ҷавобгар нест, ба ҳар ҳол, тафтишот қазияро ҳамаҷониба рӯшан хоҳад кард».

Фаттоҳ Саидов низ таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб бидуни пуштибонии мансабдорони воломақом амал намекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Р.Назаров дар робита ба ин масъала гуфт, барои санҷиши ҳамаҷонибаи ин далел гурӯҳи муштараки тафтишотӣ таъсис дода шудааст, ки ба ҳайати он кормандони агентӣ низ шомиланд. Назаров афзуд, тайи 12 соли фаъолияти агентӣ оид ба делели даст доштан дар ришваситонӣ 7 нафар кормандони он боздошт шудаанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...