spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вазъи корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон


Корҳои сохтмонӣ дар қисмати дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон бо мусоид шудани обуҳаво шурӯъ мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази табиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои автомобилгард хабар доданд, айни замон вазъи обуҳаво имкон намедиҳад, ки ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшида шавад. «Аз ин рӯ, ҳоли ҳозир дар ин ҷо корҳои омодагӣ идома доранд, – гуфт манбаъ. – Мо пеш аз ҳама ба сифати корҳои роҳсозӣ таваҷҷуҳ менамоем. Сардиҳои кунунӣ бошанд, ба анҷом додани корҳои сохтмонии хушсифат мусоидат намекунанд».

Ҳамсӯҳбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки лоиҳаи таҷдиду бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон аз ду қисмат иборат аст. «Қисмати якум – таҷдиди роҳ бо масофаи 4,6 км аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаҳои ғарбии пойтахт ва қисмати дуюм бо масофаи 56,9 км аз дарвозаҳои ғарбии шаҳри Душанбе то марзи Ӯзбекистонро дарбар мегирад», – гуфт вай.

Ба қавли манбаъ, барои амалисозии қисмати дуюми лоиҳа Бонки осиёгии рушд 120 млн. $ маблағҳои бурсӣ ҷудо кардааст. Паймонкори кулли сохтмон ширкати чиноии «Чайна роуд», ки дар Тоҷикистон таҷрибаи зиёди корӣ дорад, интихоб шудааст.

Дар Марказ зикр намуданд, ки корҳои сохтмонии қисмати аввали таҷдиди роҳи мазкур бояд то моҳи октябри соли 2013 ба анҷом расанд.

Дар робита ба қисмати дуюми лоиҳа манбаъ изҳор кард, ки айни замон дар он корҳои омодагӣ ҷараён дошта, бояд то моҳи апрели соли равон ба охир расанд.

«Пас аз ин ба имзо расонидани созишномаи қарзӣ бо Бонки таҷдиду рушди Аврупо ба маблағи 1,5 млн. $ дар назар аст, ки он ба таҳияи ҷузъиёти лоиҳаи таҷдиди роҳ равона хоҳад шуд. Тендер ҷиҳати интихоби паймонкори кулли сохтмони қисмати дуюм ахири соли равон эълон хоҳад шуд», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки роҳи мошингарди мазкур бояд то соли 2014 пурра таҷдиду бозсозӣ карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки 7-уми ноябри соли гузашта бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти Бонки осиёгии рушд Сиаою Жао маросими расмии оғози таҷдиду бозсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон баргузор шуда буд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...