Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Финландия Саули Ниинистеро ба муносибати ба ин мансаб интихоб шуданаш табрик кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлати Тоҷикистон дар паёми табрикотии худ изҳори боварӣ намудааст, ки муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Финландия минбаъд низ баҳри манфиатҳои ҳарду ҷониб дар ҳоли густариш қарор хоҳанд дошт.
Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли равон Тоҷикистону Финландия ҷашни 20-умин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатии дуҷонибаро таҷлил хоҳанд намуд.
Дар даври дуюми маъракаи интихоботи президенти Финландия узви Ҳизби эътилоф Ниинисте 63 дарсади раъйи интихобкунандагонро соҳиб шуд. Рақиби ӯ Пекка Хависто, ки «Иттиҳоди сабзҳо»-ро намояндагӣ мекард, соҳиби 37%-и раъйи шаҳрвандони кишвараш шуда, мағлубияташро эътироф кард. Иштироки интихобкунандагон дар маъракаи интихоботӣ 69%-ро ташкил дод.